Ба гузориши Хабаргузории Байналмилалии Ахли Байт (Абна), расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки Хадамоти амнияти дохилии Исроил (Шабак) тадбирҳои амниятӣ атрофи Бинёмин Нетаняҳу, сарвазири режими саҳюнистӣро дар пайи нигарониҳои рӯзафзун нисбат ба таҳдидҳои амниятӣ алайҳи вай ба сатҳе бесобиқа афзоиш додааст.
Рӯзномаи «Ядиёт Аҳронот» имрӯз, ҷумъа навишт, ки ин тадбирҳо шомили насби камераҳои назоратии пешрафта, истифода аз дастгоҳҳои бозрасии монанд ба партови X дар фурудгоҳҳо ва бозрасиҳои ҷисмонии дақиқ мешавад. Истифода аз ин технологияҳо бо интиқодҳое аз сӯи фаъолони ҳуқуқи башар ба далели нақзи эҳтимолии ҳарими хусусии афрод ҳамроҳ шудааст.
Ба гуфтаи ин рӯзнома, барои нахустин бор аз ин дастгоҳҳо дар маросими ёдбуди кушташудагони артиши Исроил дар кӯҳи Ҳертсел ва ҳамчунин дар мусобиқаи Китоби Муқаддас дар театри Қудс истифода шудааст. Дар ҳар ду рӯйдод Нетаняҳу шахсан ҳузур дошт. Баръакс, дар маросими супурдани ҷоизаҳои Исроил, ин системаҳо ба кор бурда нашуданд, зеро Нетаняҳу дар лаҳзаи охирин ҳузурашро лағв кард. Бо вуҷуди ин, гузориш шудааст, ки камераҳои вижае дар маҳал насб шуда буданд.
«Ядиёт Аҳронот» ҳамчунин навишт, ки амалиёти бозрасӣ дар ин рӯйдодҳо шиддати бештаре гирифта ва шомили бозпурсии ширкаткунандагон дар бораи ҳуввияташон, манбаи даъватнома ва ҳамчунин бозрасии ҷисмонии мустақим барои ҷилавгирӣ аз вуруди плакат ё ашёи мамнӯъ будааст.
Ба гуфтаи рӯзнома, маъмурони Шабак дар ин бозрасиҳо аз ниқоб истифода кардаанд, ки нишондиҳандаи баланд будани сатҳи нигарониҳои амниятӣ аст.
Ин тадбирҳо дар шароите иҷро мешавад, ки сарвазири Исроил мухолифонашро муттаҳам кардааст, ки нияти осеб расондан ба вай ва хонаводаашро доранд. Ин иттиҳомот дар миёни бӯҳрони сиёсии дохилӣ, эътирозҳои густарда ва интиқодҳо дар бораи тарзи бархӯрди давлати режими саҳюнистӣ бо мавзӯи асирони исроилӣ дар Ғазза, шиддат гирифтаанд.
Your Comment